Имзои “дафтари ёдбуди қурбониёни фоҷеаи Мино” аз сӯи Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Сафорати Эрон дар Душанбе “дафтари ёдбуди қурбониёни фоҷеаи Мино”-ро имзо кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, ҷаноби Аслов инчунин пайёми таслияти раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди фоҷеаи кушта шудани садҳо зоири эронӣ дар Мино қироат кардааст. Дар пайёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон хитоб ба ҳамтои эрониаш омадааст: “Аз хабари фавти фоҷеабор ва маҷруҳ шудани садҳо нафар аз ҳоҷиёни эронӣ ва соир кишварҳои исломии минтақаи Минои Маккаи мукаррама бениҳоят андуҳгин шудаам. Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи давлат, мардум ва инҷонибро ба мардуми дӯсти Эрон бирасонед”.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои душанбе ва сешанбе шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ба Сафорати Ҷумҳури исломии Эрон рафта, ба дафтари ёдбуд имзо гузоштаанд: “Инчунин ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ҳодиса, давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кардаанд”.