Боздошти се зан бо иттиҳоми хариду фурӯши навзод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се зан бо иттиҳоми хариду фурӯши кӯдакон хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 6 октябр дар пайи як амалиёт зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир гардидааст. Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа ба зани 27-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа писарбачаи навзодро ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст.
Ба иттилои ВУД, ҳамон рӯз, як зани 30-солаи сокини ноҳияи Бохтарро низ бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин зан ҳам дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”-и Қӯрғонтеппа ба ҳамон зани 27-сола духтарчаи навзодро ба маблағи 1500 сомонӣ фурӯхтааст: “Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.