Намоишномаи дӯстдоштаи сафири Бритониё ба Тоҷикистон меояд
Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, театри “Глобус”-и ин кишвар бо намоишномаи “Ҳамлет” ба Тоҷикистон меояд.
Тавре аз сафорати Бритониё ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин намоишнома якуми ноябри соли равон дар театри “Опера ва балети Садриддин Айнӣ” намоиш дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон 141-ум кишвар аст, ки ҳунармандони театри “Глобус” “Ҳамлет”-ро намоиш медиҳанд. Намоиши ҷаҳонии “Ҳамлат” 23 апрели соли 2014 дар 450-умин солгарди мавлуди нависандаи барҷастаи англис -- Шекспир оғоз ёфта, масъулини театр қасд доранд, онро дар саросари дунё намоиш бидиҳанд.
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Душанбе мегӯяд, “хело шодам, ки намоишномаи дӯстдоштаи ман барои мухлисони тоҷик ба саҳна гузошта мешавад. Ин рухдод рамзи мусбат дар ростои равобити фарҳангии Бритониё ва Тоҷикистон мебошад”.