Даъвати Сафорати ИМА: Ҳамлаи Ҳоҷӣ Ҳалимро баҳона барои саркӯби бештар накунед
Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фуру менишонад.
Ин ниҳод ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобҳои гуногунро бахши муҳими як ҷомеаи солим ва босубот унвон карда гуфтааст, таъқиби мухолифон танҳо рушди ифротгароиро суръат мебахшад: “Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд, ғолибан барои ибрози назарашон аз роҳҳои манфӣ кор мегиранд. Мо огоҳ ҳастем, ки ҳукумат 13 узви аршади ҲНИТ-ро дар шӯриши нокоми аввоили сентябр ҳамдаст медонад”.
Сафорати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, қазияи аъзои ҲНИТ-ро ба шеваи одилона, шаффоф ва сареъ ҳал намояд: “Мо қазияи 4-уми сентябрро маҳкум мекунем ва манофеи қонунии ҳукуматро дар супурдани ҷинояткорон ба дасти адолат дарк мекунем. Бо вуҷуд, аз давлат мехоҳем ҳамлаҳоро ба ҳайси баҳона барои саркӯби бештар истифода накунад”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи сипаришуда ҲНИТ-ро ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.