Таъсиси ниҳоди вижа барои ҷалби ҷаҳонгардон дар Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм хабар дода, мегӯяд, он мақоми олии доимамалкунандаи машваратӣ дар соҳаи рушди туризм ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯрои мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои туристӣ, ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар доираи он муттаҳид намудани ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии туристӣ аз ҳадафҳои аслии он гуфта мешавад.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилооти кумита ба “Озодагон” гуфт, Шӯро инчунин барои таъмини ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъекти хоҷагидори соҳаи туризм, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, меҳмонхонаҳо, савдои хӯроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис дода шудааст.
Манбаъ мегӯяд, қаблан бо назардошти зиёд будани шӯроҳои мухталифи ҳукуматӣ, таъсиси шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ наёфта буд: “Бинобар ин кумита масоили ҳалталаби марбут ба рушди саноати туристиро дар доираи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳаллу фасл мекард”.