Э.Раҳмон ба Сочӣ-ҷашнгоҳи 63-солагии Путин рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 6 октябр барои анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар фурӯдгоҳ Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд: “Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки фардо 7 октябр 63-юмин солгарди рӯзи мавлудашро таҷлил мекунад, мулоқот намояд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл Путин имсол дар зодрӯзаш истироҳат нахоҳад дошт ва интизор меравад, ки шоми 7 октябр мавлудашро бо ҳамроҳии сиёсатмадорҳо, варзишгарон ва соҳибкорон дар майдони хокейи Сочӣ таҷлил кунад. Аз додани иттилоъ дар мавриди барномаи пураи кории Путин дар Сочӣ дафтари матбуоти Кремл худдорӣ кардааст.