Мансаби нави А.Узбекович, собиқ директори “Роғун” дар Русия
Александр Узбекович Бекбулатов, собиқ мудири ҶДММ “Роғун-Сервис” раҳбари Раёсати хоҷагию манзилии коммуналии шаҳри Смоленски Русия таъин шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 6 октябр ҳукумати вилояти Смоленск хабар додааст.
Александр Бекбулатов соли 1958 дар шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1980 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидравлик хатм кардааст. Аз соли 1981 то соли 1990 дар нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун муҳандис ва сармуҳандиси сохторҳои асосӣ кор кардааст.
Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав рафта, соли 2006 замони таваҷҷуҳи “Русал” ба “Роғун” ба ҳайси мудири ширкати “Роғун-сервис” ба ин нерӯгоҳ баргаштааст. Аммо баъди ба созиш наомадани ҳукумати Тоҷикистон ва “Русал” Бекбулатов дубора ба Русия баргашта, дар мақомҳои роҳбарии шаҳри Смоленск кор кардааст.