Ҳимояти Тоҷикистон аз Иттиҳоди АвруОсиё ва истиқболи Наришкин
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 6 октябр дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» дар шаҳри Остона ҳимояти Тоҷикистонро аз ин иттиҳод баён дошта, зарур хондааст, ки дар доираи ин созмон манфиати ҳамаи кишварҳои узв ба инобат гирифта шавад.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар шаҳри Остонаи Қазоқистон пуштибонии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро аз ғоя ва андешаи баррасии масоили ҳамкориҳо дар заминаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим баён доштааст: “Нақшаи камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим барои кишварҳои Авруосиё дар рушди иқтидор ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар масири Роҳи бузурги Абрешим нерӯи муҳим буда метавонад”.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Зуҳуров таъкид кардааст, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун шарикони дерина ва боварибахши Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илмӣ – техникӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арсаҳои равобит ба шумор мераванд. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, чунин мешуморанд, ки ҳангоми амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди Иқтисодии роҳи Абрешим бояд манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар асоси манфиатҳои мутақобила аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, зерсохторӣ ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти мазкур иброз доштааст, ки боварӣ доранд, ҳамгироӣ ва ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар кишварҳо дар амалишавии чунин лоиҳаҳо, ки ҷавобгӯи талаботи замон ва ормонҳои халқи мо мебошанд, ба ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои минтақа дар фазои муносиби сатҳи ҷаҳонӣ, беҳтар шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ сабаб мегардад.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш аз таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истиқбол карда, хостори ҳамкории бештар дар ҳамаи соҳаҳо шудааст.