Алгоменорея – чи гунна беморӣ аст?
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино тайи чанд сол мешавад, ки дар ташхису табобати бемориҳои занона пешсаф буда, шумораи зиёди беморон аз табобати самараноки мутахассисон бархўрдор гардиданд. Таҷҳизоти замонавии аврупоӣ ва пизишкони пуртаҷриба омили асосӣ дар табобати беморони гинекологӣ маҳсуб мешавад. Имрўз дар шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино табобат ҳам бо роҳи амбулаторӣ ва ҳам бо роҳи хобонидани беморон амалӣ карда мешавад. Қобили зикр аст, ки дар шўъбаи гинекологии Бемористон, бо мақсади таъмини бехатарии беморон, танҳо маводи якмасрафи тиббӣ мавриди истифода царор мегиранд, ки имконоти сироятёбиро ба сифр оварда мерасонад.
Ба шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино ҳамарўза даҳҳо беморон, бо ташхисҳои мухталиф, муроҷиат менамоянд, ки пизишкон баҳри ҳалли тамоми мушкилот дар саломатии занон сайъу кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Шикояти беморон аслан хусусиятҳои ба худ хосро доранд: дарди шикам, вайрон гардидани тартиби ҳайзшавӣ, хунравӣ аз бачадон, безурётӣ, , вайрон гардидани функсияҳои узвҳои роҳҳои пешобгузар ва рўдаи рост, хунрави аз узвҳои ҷинсӣ ва дигар мушкилоти занона.
Яке аз бемориҳои паҳнгардида, ки занонро нороҳат менамояд ин Алгоменория, ё бо таври дигар дисменорея ва альгодисменория мебошад. Алгоменория - яке аз сабабҳои паҳнгардидатарини вайроншавии низоми ҳайзи занон ба ҳисоб меравад. Он миёни 60-70 % занони сини аз 14 то 45 сола дида мешавад. Аксар вақт дарди шикам бо дигар нишонаҳо ба назар мерасад: дар байни 84% занон алгоменорея қайкуниро ба миён меорад, дар 79% ҳолатҳо - дарунравиро, дар 23% ҳолатҳо - сарчархзаниро, дар 13,5% - дарди сарро, дар 16% - беҳушшавиро метавонад боис шавад. Одатан дарди шикам 1-2 рўз пеш аз ҳайзкунӣ оғоз гардида дар рўзи 3-юм қатъ мегардад. Дар ин марҳила баъзе аз занон ҳатто қобилияти кориашонро аз даст медиҳанд.
Дар мавриди гирифтор шудан ба чунин ҳолат, беморон метавонанд аз ташхиси мутахассисони Шўъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино гузашта машварати пизишкони гинекологро гиранд.
Бо назардошти вазъи иҷтимоии мардуми кишварамон, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” фаъолият мекунад, ки ниёзмандон бо пайвастан ба он зимни ташхису табобат, аз имтиёзҳои зиёд дар амри пардохти ҳаққи хидматҳои тиббӣ бархурдор мешаванд.