Сюзан Эллиотт: Се соли хуби худро дар Тоҷикистон ҳаргиз фаромуш нахоҳам кард
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон аз анҷоми кори худ дар сафорати ИМА дар Душанбе хабар додааст.
Хонум Эллиотт 5 октябр дар саҳифаи “Фейсбук”-аш навиштааст, “се соли сафириям дар Тоҷикистон ба охир расид. Мехоҳам аз ҳамаи касоне, ки боиси хушҳолии ман шуда буданд ва дар нерӯманд кардани равобити мо бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон кумак намуданд, ташаккур кунам. Ман ҳамаро, бахусус ҳамкорони худро дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон пазмон хоҳам шуд. Ман се соли хуби худро дар Тоҷикистон ҳаргиз фаромуш нахоҳам кард”.
Сюзан Эллиотт моҳи октбяри соли 2012 ба сифати сафири ИМА дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард. Ахиран Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико Элизабет Миллардро ҳамчун номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.
Хонум Эллиот бино ба иттилои худаш акнун дар “EUCOM” ё фармондеҳии марказии Амрико дар Аврупо кор хоҳад кард. "EUCOM" дар Штутгарти Олмон маққар дорад ва хонум Эллиотт онҷо ба ҳайси муовини фармондеҳ-мушовир дар масоили мулкию сиёсӣ фаъолият мекунад.