Шаҳрдори Душанбе хостори таҷдиди назари соатҳои дарсии донишҷӯён шуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хостори таҷдиди назари оғози соатҳои дарсии донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди пойтахт шудааст.
Шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи навбатии худ душанбеи 5 октябр таъкид кардааст, ҷиҳати рафъи тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва анбуҳи мусофирон дар истгоҳу кӯчаҳои шаҳр бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шурӯи соатҳои дарсии донишҷӯён дар муассисаҳои олии таълимии ҳудуди пойтахт таҷдиди назар сурат бигирад. Ӯ ин корро “яке аз масълаҳои муҳими ба низомдарории хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ” унвон карда, изҳор доштааст, “ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд”.
Ин дар ҳолест, ки дар бештари донишгоҳҳои кишвар дарси донишҷӯён соати 8:00 оғоз мешавад ва ба гуфтаи бархе аз онҳо мушкили нақлиёт сабаби аз дарсҳо дер монданашон мегардад.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи рӯзи гузашта омодагӣ ба зимистон мавзӯи меҳварӣ буд. Ба иттилои ӯ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулин, аз ҷумла раисони навоҳӣ ва муовинаншро ба вусъати корҳои омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон ҷалб намуда, барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ, захираи маводи зидди лағжиш барои зимистонгузаронӣ, роҳандозии санҷиши ғайричашмдошти техникаҳои коммуналӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дод: “Дар ҷаласа барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пешгирии афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия тавассути пешниҳоди бештари маводи озуқаворӣ ба истеъмолкунандагон дастур додааст, ки воридсозии маҳсулот бевосита аз ҷониби маъмурияти бозорҳои коммуналӣ бе миёнаравҳо аз хоҷагиҳои кишоварзии манотиқи кишвар вусъат дода шавад”.