Ду минтақаи Суғд нақшаи даъватро иҷро карданд
Ду минтақаи вилояти Суғд -- ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аввалин шуда, иҷро кардаанд. Дар ин бора аз комиссариати ҳарбии Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, дар оғози маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол ҳар кадоме бо гусели беш аз 20 ҷавони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро аввалин шуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ иҷро кардаанд.
Дар рӯзи оғози маъракаи даъфат, якуми октябр ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, ки 70 ихтиёриро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рўзи 14-уми сентябр бо судури фармоне доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ гуфт, “имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд”.
ф