Нашри албоми нави Далер Назаров дар Маскав
Маҷмӯаи нави Далер Назаров, оҳангсоз ва овозхони номовари тоҷик дар шаҳри Маскав нашр шудааст.
Ин албом “Moom” (бо лаҳҷаи шуғнӣ - бибӣ ) ном дошта, ҳамагӣ аз се композитсия иборат аст. Давомнокии ҳар яке аз онҳо аз 12 то 27 дақиқа буда, Далер Назаров танҳо ба сифати оҳангсоз асбоҳои мусиқии гуногун менавозад, аммо намесарояд.
Ҷаноби Назаров дар суҳбат ба сайти “Россия для всех” гуфтааст, ҳеч гоҳ талош накардааст, ки ҳар сол як маҷмӯаи таронаҳояшро нашр кунад: “Дар бораи ҳамасола нашр кардани албом ягон вақт мақсад надоштам ва надорам. Ман иҷрокунандаи ҳирфаӣ нестам. Оҳангсозе нестам, ки тамоми рӯз бо ин машғул бошам”.
Дар таҳияи ин оҳангҳо Далер Назаров мутрибоне монанди Иқбол Завқибеков, Зариф Пулодов, Ёдгор Одинамамадов, Муборакқадам Машрабов, Шаҳринисо Яковлева, Баҳодур Давлатов, Ядидя Иляев ва фарзандаш Аброрро ҷалб кардааст.