Як сокини Муъминобод ба сари ҳамдеҳааш бо табар зад
Як сокини 39-солаи ноҳияи Муъминобод ба сари ҳамдеҳааш бо табар зада, ӯро захмӣ кардааст.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ин ҳодиса 29 сентябр тахминан соати 07:10 рух додааст: “Боздоштшуда бо ҳамдеҳааш марди 44-сола бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар ба сараш задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи зарбаи табар ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.