Абдулқодирзода: Аз тарс 80% мошинҳои гаронбаҳояшонро пинҳон карданд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 2 октябр дар намози Ҷумъа дар пасманзари зикри “хиёнаткорӣ”-ҳои Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аҳамияти сулҳу оромӣ суҳбат намуд.
Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, ки агар сулҳу оромӣ набошад, мардум наметавонанд осуда гаштугузор кунанд ва то ҳатто дар масоҷид намоз гузоранд. Ӯ аз ҷумла нооромиҳои аввали моҳи сентябрро дар Тоҷикистон мисол оварда, афзуд, ки тибқи ташхисҳо дар он рӯзҳо аз тарси нооромӣ 80 дарсади мошинҳои гаронбаҳоро пинҳон карданд ва танҳо 20 фоиз бо мошинҳояшон сайругашт доштанд.
Абдулқодирзода дар идома суҳбатҳои қаблияшро дар мавриди ҲНИТ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ баён дошта, дар зимн аз намозгузороне интиқод намуд, ки саргарми суҳбатҳои худ буданд. Ӯ дар хитоб ба намозгузорон, ки бархеяшон ба суҳбатҳои худ машғул буданд, изҳор дошт, вақте вориди масҷид шудан бояд дар ёди Худою Расул шаванд ва аз суҳбатҳои дунёӣ, аз ҷумла ғайбату туҳмат канорагирӣ кунанд.