Юлия аз пайи шавҳари тоҷикаш ба Сурия рафтааст
Мақомоти умури дохилии ноҳияи Красноселски шаҳри Санкт Петербург муроҷиати наздикони Юлия, сокини 22-солаи ин шаҳрро дарёфт кардаанд, ки аз пайвастшавияш ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ хоҳари Юлия ба пулис муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки пайвандон муътақид буданд, Юлия ба Туркия барои истироҳат рафтааст: “Аммо аз ҳавопаймо ба хоҳараш занг зада, хабар додааст, ки дигар барнамегардад ва назди шавҳараш хоҳад рафт, ки моҳҳои охир дар Сурия аз ҷониби созмони террористии “Давлати исломӣ” меҷангад”.
Тибқи иттилои мақомоти Русия шавҳари Юлия, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки қариб ду сол дар хонаи иҷора дар кӯчаи Римского-Корсаковаи Петербург зиндагии муштарак доштаанд: “Шавҳараш моҳи июни соли равон ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст ва Юлия низ се моҳ баъд аз пайаш рафтааст. Феълан ба ин қазия дар баробари маъмурини пулис кормандони Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) машғул мебошанд”.
Қаблан мақомоти тоҷик аз пайвастшавии беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дода, афзуданд, ки бисёри онҳо аз қаламрави Русия ба ин гуруҳи террористӣ ҷалб мешаванд.