Муттаҳамон дар марги Фирдавс Раҳматов аз 17,5 то 18 сол равонаи зиндон шуданд
Додгоҳи ҳарбии горнизонии шаҳри Хуҷанд якуми октябр омилони марги сарбози қаторӣ - Фирдавс Раҳматовро дар маҷмӯъ 53 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони хонаводаи Фирдавс Раҳматов ба “Озодагон” гуфт, додраси Додгоҳи ҳарбии горнизонии Хуҷанд сержант Раббонӣ Сулаймоновро 18 сол, сержант Комрон Раҳимовро 17,5 ва сарбози қаторӣ -- Айём Назаровро 17,5 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард.
Ба иттилои манбаъ, сержант Раббонӣ Сулаймонов бо моддаҳои 110, қисми 3 банди “в” (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки оқибат ба марг расондааст), моддаи 391 қисми 1 (сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор), моддаи 373 қисми 1 бандҳои а, б, в, г (вайон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо), Комрон Раҳимов аз рӯи моддаҳои 391 қисми 3 банди а, моддаи 110 қисми 3 ва Айём Назаров бо моддаҳои 110 қисми 3 ва 373 қисми 3 гунаҳгор эътироф шуданд.
29 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ барои Раббонӣ Сулаймонов 20 сол, Комрон Раҳимов - 19 ва Айём Назаров 18 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд.
Дилафрӯз Самадова гуфт, далели зиёдтар ҳукм гирифтани сержант Раббонӣ Сулаймонов ин аст, ки вай дар як ҳолати дигари латту кӯби сарбозон низ муҷрим шинохта шуд. “Шаби 25 майи соли равон ӯ дар хобгоҳи қисми низомӣ наваскаронро мавриди латту кӯб қарор додааст”.
Ба қавли наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони 22-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр, ӯ рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Сабаби маргашро онҳо “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. Аммо Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.
Дар пасманзари ин ҳама масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”.
Рӯзи 22 июн масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз барканории се мақоми баландпояи қисми ҳарбии 04080-и худ дар шаҳри Конибодом, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ дар он ҷасади Фирдавс Раҳматов ба хона оварда шуд, хабар дода буданд. Он замон аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ки фармондеҳони полк, баталион ва ротаи қисми ҳарбии 04080 ба хотири бетаваҷҷуҳӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Аммо манбаъ, аз бурдани ному насаби онҳо худдорӣ кард.