Генерали афғон афзуд, бештар аз 20 вилояти Афғонистон барои кишт, тавлиди қоҷоқ ва тиҷорати он шароит омода сохтааст ва дар он манотиқ алайҳи қочоқчиён иқдомҳое пиёда мегардад. “Баъзе вақтҳо каму беш аз ҷунубу шарқии Афғонистон ба кишвари дӯст- Тоҷикистон низ нашъа мунтақил мешавад, мушкили аслӣ ин аст, ки вулусволии Бадахшони Афғонистон бисёр вилояти мушкилгузар буда, кӯҳҳои баланд дорад, ҳамчунин роҳҳои муосири пайваст бо маркази кишвар надорад, аз ин рӯ ғайриқобили назорат аст”-гуфт ҷаноби Аҳмадӣ.
Маврид ба ёдоварист, имрӯз дар агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон маросими имзо намудани протокол “Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо байни ВКД ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва АНМН” баргузор гардид. Санади мазкурро директори агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ва Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо карданд. Ин ҳуҷҷат идомаи муоҳадаҳое мебошад, ки ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратии ду кишварро дар мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳқим мебахшад.{jathumbnail off}