Э. Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2016” шомил кардааст.
Ин пажуҳишгоҳ, Абдулқодирзодаро дар қатори се раҳбари умури дин зикр кардааст, ки тоза ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.
Дар сархати ин феҳрист Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн, шоҳи Урдун, дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” аз Миср, сипас шоҳи Арабистони Саудӣ -- Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд ва дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 40-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.
Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд. Дар ин баробар исми 5 экстремист, аз ҷумла Абубакр Бағдодӣ низ ба рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон роҳ ёфтааст.
Ин бори дуюм аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин феҳраст роҳ меёбад. Соли 2012 низ Эмомалӣ Раҳмон шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузор шуда буд. Соли 2013 аз Тоҷикистон исми Муҳиддин Кабирӣ дар ин феҳраст навишта шуд.