Боздошти ҷавонзани тоҷик дар Қазоқистон бо иттиҳоми танфурӯшӣ
Миёни 20 тан аз танфурӯшоне, ки дар пайи амалиёти "Stop-траффик"-и кормандони пулиси Қазоқистон дар шаҳри Шимкент боздошт шудаанд, як шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, ин бори аввал аст, ки миёни танфурӯшон табааи Тоҷикистон дида мешавад. Informburo.kz навиштааст, ин хонум ҳангоми наворбардорӣ ҳатто талош накард, рӯяшро пинҳон кунад. Ӯ гуфтааст, “ман аз Тоҷикистон ҳастам. Шиноснома дорам ва ҳама аз рӯи қонун аст. Зиёда аз як сол мешавад, ки ин ҷо “кор” мекунам”.