Ишораи ВКД ба ҳабси амволи Ёров ва даъват аз “ҷабрдидагон”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ишора ба ҳабси амволи ҳуқуқшиноси боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ва ҷуброни зарари “ҷабрдида"-ҳо, бори дигар аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар алайҳи Ёров даъвое доранд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Ин ниҳод имрӯз, 2 октябр аз иттиҳомоти нав алайҳи Ёров хабар дода, афзуд, ӯ 24 апрели соли 2011 аз Фирдавс Ҳоҷизода, сокини шаҳри Хуҷанд барои мусоидат дар қатъи парвандаи кофтукобӣ нисбати падараш - Қодирқулов Насим Ҳоҷиевич 45 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст. ВУД изҳор медорад, Ёров аввалҳои моҳи марти соли 2012, ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, сокини шаҳри Роғун даромада, 200 доллари амрикоӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардондааст: “Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, феълан тафтишот идома дорад”.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид мекунанд, “аз рӯи ҳодисаҳои қаллобии гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович, шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки дар вақти мусодира намудани амволи ӯ зарари ба онҳо расонида шуда, барқарор карда шавад”.
Силсилаи парвандаҳо бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакорӣ алайҳи Ёров баъди эълони азмаш барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои масъулини боздоштшудаи ҲНИТ оғоз гардиданд.