Amnesty International: Бузургмеҳр Ёровро шиканҷа ва бадрафторӣ таҳдид мекунад
Созмони мудофеи ҳуқуқи башар Amnesty International ё Афви байналмилал гуфтааст, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик -- Бузургмеҳр Ёровро шиканҷа ва бадрафторӣ таҳдид мекунад.
Ин созмон дар як изҳорот гуфтааст, мусодира кардани санадҳои Бузургмеҳр Ёров, ки ба корҳои ҳуқуқии ӯ бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ рабт доранд, дахолати ғайриқонунӣ ба робитаи маҳрамонаи муштарӣ ва вакили мудофеъ маҳсуб шуда, нақзи асли 22-юми Усулҳои асосии СММ дар бораи Нақши вакилони мудофеъ мебошад: “Иттиҳомоти ворида алайҳи Бузургмеҳр Ёров ба эҳтимоли зиёд ангезаи сиёсӣ дошта, ба намояндагии ҳуқуқии ӯ аз аъзои ҲНИТ рабт дорад”.
Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон хоста, итминон бидиҳанд, ки Ёров аз шиканҷа ва бадрафторӣ муҳофизат мешавад ва парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ӯ ба таври комил бо стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат: “Аз мақомот даъват шавад то итминон диҳанд, ки ҳамаи вакилони мудофеъ вазифаҳои худро бидуни таҳдид, озору азият ва дахолати ноҷо мутобиқ ба Усули асосии СММ дар бораи Нақши вакилони мудофеъ анҷом диҳанд”.
29 сентябр Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров хабар дод. Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ ва истифодаи талони тақаллубии муоинаи техникӣ муттаҳам мекунад. Боздошти Бузургмеҳр Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт.