Иттиҳоди Аврупо: Бастани ҲНИТ озодии баёни сиёсиро маҳдудтар мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон бо бастани ҲНИТ озодиҳои сиёсӣ ва плюрализмро дар кишвар маҳдудтар кардааст.
Ин нукта дар изҳороти Хадамоти корҳои хориҷаи Иттиҳоди Аврупо, ки панҷшанбеи якуми октябр дар Брюсел нашр гардид, таъкид шудааст.
Мая Косиянчич, сухангӯи раҳбари ин хадамот гуфтааст, раванди маҳдудсозии озодиҳои сиёсӣ ва плюаризм дар Тоҷикистон баъди интихоботи моҳи марти соли 2015 ба назар мерасад: “Тасмими мамнӯъ кардани аҳзоби сиёсӣ бояд қонунан ба таври ошкоро баррасӣ шавад".
Иттиҳоди Аврупо такрор кардааст, ки истифодаи зӯроварӣ алайҳи нерӯҳои давлатиро, ки моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон сурат гирифт, маҳкум мекунад ва мухолифаташро барои истифода аз хушунат алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баён кардааст.
Хонум Косиянчич таъкид кардааст, ки “ҳатто ҳангоми амалиёт барои таъмини амният ҳукумати Тоҷикисон бояд озодиҳои бунёдии шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат дода, волияти қонунро таъмин кунад".
Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд. Бо қарори додгоҳ фаъолияти нашрияи “Наҷот” ва сомонаи ҲНИТ низ мамнуъ гардида, паҳн кардани ҳар гуна маводи аудиовизуалӣ ва адабиёти ин ҳизб манъ шудааст.