Ба иттилои манбаъ, мизони гардиши савдои хориҷии кишвар, ҳамоно манфӣ буда, ҳаҷми воридот аз содирот ҳудуди 2,5 маротиба зиёдтар аст: «Таи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар дар ҳаҷми 2 миллиарду 300 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шуда, дар ҳаҷми 952 миллион доллар содир шудааст. Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ доштааст. Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ, 44,7 фоиз ё зиёда аз 1,4 миллиард доллар ба кишварҳои ИДМ ва 55,3 фоиз ё 1,8 миллиард доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд».
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи масъулини Агентии омор ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон таи моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 3 миллиарду 278,8 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 641 миллион доллар зиёдтар аст.{jathumbnail off}