Бародари Кабирӣ: Бовар дорам, ки ӯ хиёнат накардааст...
Сафар Кабиров, бародари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба хиёнаткор будани фарзанди падараш бовар надорад.
Сафар Кабиров, ки ҳафтаи равон барои суҳбат ба дафтари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳозир шудааст, таъкид намуда, ӯро касе маҷбур накард, танҳо мехоҳад гапашро бигӯяд. Ӯ амали Абдуҳалим Назарзодаро хиёнат хонда, онро маҳкум кардааст, вале дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ гуфта, бовар дорад, ӯ хиёнат накардааст: “Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем. Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Вақте ки он кас заминро каланд мезаданд, мардум мегуфтаанд, ки инро булдозер кардааст. Вақте ки дарав мекарданд, мегуфтаанд, ки ин кори комбайн аст. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд”.
Кабиров изҳор дошта, бо генерал Назарзода рафтуомад надошт: “Ман як деҳқони одӣ, бо генералҳо сару коре надорам”.
Бародари Кабирӣ таъкид намуда, бояд ҳама барои ободии Тоҷикистон заҳмат бикашанд: “Мо бояд гуфтугӯйи байниҳамдигарӣ дошта бошем, корро бо сулҳ тамом кунем. Он гунае, ки Президент мекунад. Ман соли 1993, вақте Эмомалӣ Раҳмон Афғонистон рафт, гиря карда будам. Ҳа, ба хотири шуҷоату қаҳрамонии ӯ номи писарамро Эмомалӣ мондам. Ин кори осон нест. Сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар хато кунам, маро ислоҳ кунед, шумо хато кунед, ман гӯям. Ман хоҳиш дорам, ки ҳама корро бо гуфтушунид хал кунем”.
Сафар Кабиров дар посух ба суоли журналист, ки писараш Эмомалӣ чандсола асту ба чӣ кор машғул мебошад, посух додааст, ки ҳамсоли давлати соҳибистиқлол асту феълан дар мардикорӣ дар Русия қарор дорад. Ӯ илова намудааст, ки дар маҷмуъ 13 фарзанд дорад ва худаш ба деҳқонӣ машғул мебошад. Дар идома ба суол, ки оё шуморо касе озор дод ё медиҳад, чунин посух додааст, “Не, касе маро озор надодааст. Маро фақат як маротиба, соли 1993 бачаҳои эшони Дароз ва ба гулӯям корд монда, мошинамро гирифта буданд. Дигар то имрӯз аз касе озоре надидаам. Шумо журналистед, мӯйро аз хамир ҷудо кунед, таҳлил кунед, ки аз касе зарар набинед. Ҳозир хоҷагии деҳқонӣ ва фермаи маро барои тафтиш бастаанд. Ман одами ҷангҷолӣ нестам, ба ҳеҷ ҷой муроҷиат накардам. Ман мехоҳам Тоҷикистон аз шарри душманон эмин бошад. Обод бошад. Нонамонро ёфта хӯрем”.