Як мушт ҳарза
Азизи НАҚИБЗОД
Рӯзе ки хона таъмир мекардам талабгори “аловӣ” (ҳезум) зиёд шуд. Тахтапораҳои куҳнаро ба ҳар хоҳишманд қисмат намудам. Навбати печкаи газ расид (воқеан ин қуттӣ дар кунҷи ошхонаи танг танҳо як дарди сар буд). Холаи ҳамсояро самимона пурсидам, ки шояд ба дардаш бихурад. Ғазаб кард:
-Аз ҳамин қуттии худ безорам, боз қутии туро дар тори сарам гузорам?
Дар Душанбе бисёре аз сокинон батареяҳои оби гарм ба истилоҳ "отопление"-ро ҳангоми таъмири хонаҳояшон чандин сол аст, ки бурида мепартоянд. Ва чандин нафар ҳам аз фурӯши чунин батареяҳои чӯянӣ ба чиниҳо пулдор шуданд. Кандани батареяҳои оби гарм таърихи дарозтар дорад. Аммо 7-8 сол аст, ки мардум дигар печкаҳои газашонро низ ба партовгоҳ мепартоянд. Ҳарчанд дар Душанбе Маркази гармидиҳӣ чанд сол қабл сохта шуду бо қайчӣ шудани лентаи рамзияш дар маросими бодабдабае ифтитоҳаш баргузор гардид, вале ҳануз мардум бовар надорад, ки рӯзе хонаҳояшон мисли замони Шӯравӣ гарм хоҳад шуд. Ҳануз ҳам тиҷорати батареяҳои чӯянӣ дар авҷ аст.
Чандин сол пеш кишвари ҳамсоя ҳар гоҳ мехост интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ мекард. Мардум гоҳ газ дошту гоҳ не. Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Тоҷикгаз гуё роҳи ҳалли мушкили газро пайдо намуданд ва хонаҳои шаҳриёнро бо ҳисобгари газ таъмин намуданд. Ваъда доданд, ки дигар мувофиқи ҳисобгар пули истифодаи газро дар вақташ супоред бидуни газ нахоҳед монд. Аммо чӣ мегӯед, ки ин ҳисобкунакҳо бехосият баромаданд. Пас аз насби ҳисобкунакҳо мардуми шаҳр газро танҳо дар хобашон мебинанд.
Ҳамин тавр мо пас аз ҷавоби рад гирифтан аз холаи ҳамсоя печкаи газро ба партовгоҳ бурда партофтем. Кори соддае менамояд, аммо чунин нест. Тасаввур кунед, ки ҳар ки печкаи газашро ба партовгоҳ мепартояд, ҳамроҳи ин қуттӣ бовару эътимод ба фардоро ҳам мебарад. Охир то чанд метавон ба умеди фардои гарму рушан зист?
Ҳарфи иҷтимоъро ҳаминҷо бигузорем. Мушкилоти сиёсӣ чӣ?
Ҳамин саҳар хондам, ки нисбати вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намудаанд. Яку якбора. Ба пурсиши “чаро” посух намегӯем. Посухашро худатон медонед. Аммо шигифтовар аст, ки ӯ ҷиноят содир карда ё гунаҳкор будаву мақомот чашм мепӯшидаанд. Ин вакил, ки “қаллоб” ва “сохтакор” буда, чаро то имрӯз пеши роҳашро нагирифтем? Ва чаро мисли ҳамон танзи барномаи “Лаҳзаҳои гуворо” одамон дар кишвари мо «яке» ҷинояткор мешаванд?
Ин равандҳо, ки воқеияти кишвари мост, боварҳоро мешикананд. Эътимодро аз миён мебаранд. Бидуни эътимод ба ҳеч куҷо расидан имкон надорад.
P.S. Зери як матлабам, ки дар сомонаи "Озодагон" нашр шуда буд, корбаре чунин навишта: “Ҳамин Азиз чӣ менависад? - Як мушт ҳарза!”