Машваратҳои ҳуқуқии ройгон барои даъватшавандаҳо ва хизматиёни ҳарбӣ
“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, барои даъватшавандаҳо ва хизматиёни ҳарбӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон мерасонад. Дар ин борра аз ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин коршиноси тиббии ин ниҳод дар мавриди қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад: “Ҳамзамон “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хотиррасон менамояд, ки барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ андроид – барнома барои телефонҳои мобилӣ таҳия шудааст. Дар барномаи “Даъватшаванда” чор нашрия ҷойгир шудааст, ки инҳо Китобчаи киссагии даъватшаванда бо забонҳои русӣ ва тоҷикиӣ, Китобчаи сарбоз ва китоб доир ба бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ мебошад. Ҳамзамон барнома дорои тугмачаи “Машваратҳои ҳуқуқии ройгон” бо рақамҳои телефони боварӣ ва суроғаи ташкилот низ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар мавриди даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ фармон содир намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.