Даъвати Садриддини Наҷмиддин барои наҷоти Алиҷон, чемпиони 7-сола (ВИДЕО)
Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардуми саховатпешаи Тоҷикистон даъват намудааст, ки дар наҷоти ҷони Алиҷони 7-сола, чемпиони 6 каратаи кишвар оид ба дзюдо талош кунанд.
Ситораи тоҷик бо нашри муроҷиатномаи видеоӣ изҳор доштааст, ки кӯдаки боистеъдоди тоҷик ба кӯмаки мою шумо ниёз дорад ва изҳори боварӣ намудааст, ки дар рӯзҳои сахт атрофи Алиҷон ҷамъ мешавем.
Муроҷиатномаи Садриддини Наҷмиддин дар ҳолест, ки қаблан “Озодагон” аз қазияи Алиҷон хабар дода буд. Саидмурод Маҳкамов, як сокини шаҳри Душанбе тариқи "Озодагон" барои табобати писари ҳафтсолааш Алиҷон, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, аз мардуми тавонманду сахӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ кӯмак мехоҳад.
Ин сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, фарзандаш Алиҷон Маҳкамов, ки варзиши гуштӣ машқ мекунад, ду сол қабл ба ин беморӣ гирифтор шудааст, аммо танҳо имсол огоҳ шудаанд: “Панҷсола буд, ки дар гарданаш гушти зиёдатӣ баромад ва гоҳ калон мешуду гоҳ майд. Табибон гуфтанд, гушти зиёдатӣ аст, бо як ҷарроҳӣ бартараф мешавад. Аммо имсол он калон шуд, ҳолаташ вазнин, сардард ва аз шунавоӣ қариб ки монд. Барои гирифтани гушти зиёдатӣ дар беморхонаи Қарияи боло ҷарроҳӣ кардем. Баъди ҷарроҳӣ ва санҷиш духтурон гуфтанд, Алиҷон ба бемории саратон гирифтор аст”.
Падари Алиҷон мегӯяд, ба ин бовар накард ва барои дақиқ кардани дарди фарзандаш натиҷаҳоро ба Русия фиристод, аммо ҷавоб омад, ки писараш ба касалии саратон гирифтор аст. Ба гуфти Маҳкамов, ҳоло саломатии фарзандаш вазнин аст: “Ҳар моҳ барои реша надавонидани дардаш ду маротиба химиятерапея мегирад, ки баъди он саломатиаш ниҳоят бад мешавад. Се-чор рӯз хурок хурда наметавонад”.
Ӯ гуфт, барои табобати фарзандаш бо духтурони ҳинду суҳбат кард ва онҳо харҷи сафару табобат дар Ҳиндустонро 15 ҳазор доллар ҳисоб намуданд. Саидмурод мегӯяд, як соли ахир бекор аст ва пайдо кардани ин маблағ бидуни кумаки афроди саховатманду созмонҳои хайриявӣ номумкин аст.
Алиҷон Маҳкамови 7-сола варзишгар аст. Ӯ гуштӣ тамрин мекунад ва дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, ҷойҳои аввалро соҳиб шудааст. Ба гуфти падари Алиҷон фарзандаш аз 3-солагӣ ба гуштӣ машғул шуда, истеъдоди фавқуллода дорад. Дар қувваозмоиҳо рақибони ҳатто аз вазнаш зиёдро то 10 сонияи аввал мағлуб мекунад: “Доварону мурабиҳо аз ӯ умеди калон доштанд. Мегуфтанд истеъдоди Худодод дорад".
Худи Алиҷон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, орзу дорад, оянда мисли Расул Боқиев дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро баланд бардорад.
ТЕЛЕФОНИ ПАДАРИ АЛИҶОН 900 764646