Ҷароҳати ду корманди “Алфа” ва кушта шудани ду шарики Ҳоҷӣ Ҳалим
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар пайи амалиёт дар маҳаллаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат ду узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта ва ду корманди гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллӣ маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ инчунин ду узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт гардидаанд, ки дар ҳамла ба Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат муттаҳам мешаванд: “Феълан тақрибан 6 нафари дигар барои ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат ва узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мавриди кофтукоб қарор доранд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон теъдодии умумии гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро ҳудуди 300 нафар арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки беш аз 150 нафарашон боздошту нобуд шудаанд. Инчунин ин ниҳод афзуд қисме аз силоҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки аз Вазорати мудофиа гирифтанд, то ҳол дарёфт нашудааст.
Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллӣ мегӯянд, феълан амалиёт барои ошкору боздошт кардани боқимондаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.