Боздошти зане бо иттиҳоми харидани кӯдаки яксола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи муроҷиати як зан дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҳолати хариду фурӯши кӯдаки хурдсол ҷилавгирӣ шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ба мақомоти милиса зани 23-солаи сокини ноҳияи Ашт муроҷиат намуда, гуфтааст, як зани 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд писарчаи хурдсолаш, соли таваллудаш 2014-ро ба маблағи 5000 доллари амрикоӣ хариданӣ аст. Манбаъ мегӯяд, баъди муроҷиати ин модар, “29 сентябр зани гумонбаршуда ҳангоми додани маблағи 4000 доллари амрикоӣ боздошт гардид”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.