Маҳкумияти ҷавони тоҷик барои қатли “хушдоману хусур”-и рус
Додгоҳи шаҳри Маскав Суҳробҷон Яъқубов, шаҳрванди 22 солаи Тоҷикистонро барои қатли хушдоману ҳамзисти ӯ ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи иттилоияи расмии додситонии Русия ҳукми додгоҳ, рӯзи гузашта 30 сентябр содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ муайян гардидааст, ки Яъқубов бо духтари 16-сола, сокини шаҳри Маскав дар хонааш дар гузари Неполнии ин шаҳр зиндагӣ мекардааст: “1 марти соли равон дар заминаи муносибатҳои бад Яъқубов бо хушдоманаш ва ҳамзисти ӯ, ки якҷоя дар як хона зиндагӣ мекардаанд, муноқиша карда, бо корд онҳоро ба қатл расондааст”.
Додситонии Русия мегӯяд, бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ бо қарори додгоҳи Маскав Яъқубов 17 солро дар зиндони низомаш сахт хоҳад гузаронд.