Амрико Гулмурод Ҳалимовро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид кард
Вазорати умури хориҷӣ ва молияи Амрико дар баробари “Кафолатбонк”, бонки “Тиҷорат” ва “Контбонк”-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистонро низ ба рӯйхати сиёҳ ворид намуда, алайҳаш таҳримот ҷорӣ кардааст.
Дар рӯйхати ҷадид, ки 29 сентябр нашр шудааст, дар баробари Ҳалимов инчунин 34 нафари дигар барои иртибот бо созмони террористии “Давлати исломӣ” зикр шудаанд.
Мақомоти Амрико таъкид кардаанд, ки амволу суратҳисоби бонкии афроди зикршуда дар қаламрави ИМА ҳабс хоҳанд шуд. Инчунин барои ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ бо афроду корхонаҳои дар рӯйхати сиёҳ зикршуда мамнуъ мебошад.
Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон мебошад, ки охири моҳи апрел аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод. Ӯ хатмкардаи Академияи ВКД-и Тоҷикистон буда, дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст.
Тибқи иттилои додситонии Тоҷикистон феълан алайҳи Ҳалимов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.