“Сюрприз”-и Ҷӯрабек, Ҷонибек ва Садриддин нашр шуд (ВИДЕО)
Клипи таронаи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин ба интернет роҳ ёфт.
Ин клип бар матни суруди “Тоҷик-форс-дарӣ” сохта шудааст. Матни он аз Абусаиди Абулхайр ва оҳангаш моли Даврон Раҳматзод мебошад. Ҷонибеку Садриддин наздики як моҳи пеш бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабти таронаи муштарак хабар дода буданд. Зимнан, ин аввалин таронаи якҷояи ин се хонандаи номовари тоҷик аст. Ҷонибек он вақт дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, бовар дорад, ин суруд мақбули мухлисонашон мегардад. “Ҳоло номи сурудро намегӯям, бигзор “сюрприз” бошад”,-гуфта буд ӯ.
Ҷӯрабек аз чеҳраҳои номовари санъати мусиқии мардумии тоҷик аст. Ҷонибеку Садриддин дар раддаи аввали хонандаҳои поп қарор доранд.
Барои Ҷӯрабеку Ҷонибек ин аввалин суруди сегона нест. Соли сипаришуда таронаи “Ало, шодоб соҳилҳо”-и онҳо, ки бо Валиҷон Азизов иҷро шуд, “хит”-и сол эътироф гардид. Чанд сол қабл Ҷонибек ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Наҷим (хонандаи афғон) суруди “қарсак”-ро иҷро карданд, ки низ зиёд мухлис дошт.