Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯ барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда – 2» бо нархи 2,5 сентӣ харидорӣ шуда, ба Афғонистон бо нархи аз 3,1 то 3,5 сент фурӯхта шавад. НБО – и «Сангтӯда 2» бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Эрон бунёд гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 110 мегаватт аввали моҳи сентябр ба истифода дод шуд ва агрегати дуюм дар назар аст, то охири соли ҷорӣ ба кор оғоз намояд. Ҳаҷми сармоягузории Эрон дар ин нерӯгоҳ 180 миллион ва аз Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи «Сангтӯда -2» бо усули биотӣ сохта шуда, таи 12,5 сол моли Эрон маҳсуб меёбад ва пас аз ин муддат ба ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузашт. {jathumbnail off}