Иштирокчии беҳтарини ҷашнвораи “Атлас ва адраси тоҷик-2015” 10 000 сомонӣ мегирад
Маъмурияти вилояти Суғд барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2015” аз 1000 то 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ муайян кардааст. Дар ин бора қарори раиси вилоят, аз 22 сентябри соли 2015 ба тасвиб расидааст.
Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, қарор аст, ин фестивал моҳи октябри соли равон баргузор шавад: “Тибқи низомномаи фестивал, он бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла, ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, тарғиби сару либос аз матои табиии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дўзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, бо шумули гулдўзӣ ва қуроқдўзӣ, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, фарҳанги либосдўзии аҷдодӣ ба ҳисоб меравад ва баланд бардоштани завқи либоспўшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ гардонидани ҳаёти маънавии занону бонувон гузаронида мешавад”.