Дар қаҳвахонаи “Нилуфар”-и ноҳияи Айнӣ ҳамойиши омузишӣ барои соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷаъмияиву қарздиҳии хурд, бизнес ассотсиатсияҳо ва мақомоти маҳаллӣ сурат пазируфт.
Тавре ба “Озодагон” аз ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон хабар доданд, семинари мазкур дар доираи лоиҳаи “Дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодии аҳолии манотиқи деҳот тавассути истифодаи васеи методҳои алтернативии ҳалли судӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои баҳснок ва зиддиятҳо”, ки аз ҷониби ташкилои ҷаъмиятии «Арбитраж» ва дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи Миллии Соҳибкории Хурд ва Миёнаи Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.
Ҳадафи аслии ин семинар шинос намудани намояндагони соҳаи соҳибкории хурду миёна, ташкилотҳои ҷаъмиятиву қарздиҳии хурд, бизнес ассотсиатсияҳо ва мақомоти маҳаллии ноҳияи Айнӣ бо тарзу усулҳои кори суди ҳакамӣ, фаҳму дарки дурусти маъною мӯҳтаво ва пурраи истилоҳҳое, ки дар рафти суди ҳакамӣ ва дигар шаклҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо истифода карда мешаванд, ба шумор меравад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин гуна семинарҳо шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ аллакай дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳритусу шаҳри Қӯрғонеппаи вилояти Хатлон гузаронида шудаанд.{jathumbnail off}