Шакару биринҷу туризм дар меҳвари мулоқоти Э.Раҳмон бо генерал Праут Чан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 28 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча густариши ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Шоҳигарии Таиланд барои барқарорсозии бозёфтҳои осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмини хуби таълиму бозомӯзии кадрҳои ҷавон, пешниҳоди барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ба мутахассисони Тоҷикистон изҳори ташаккур кард: “Мусоҳибон мавҷуд будани бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ, аз қабили, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, коркарду интиқоли шакар, биринҷ ва рушди туризму хизматрасонии меҳмонхонаҳоро бозгӯи имкониятҳои хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд”.