Овозхонҳои эстрадаи ИДМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд
Дар «Кохи Борбад» фестивали байналмилалии ҳунармандони эстрадаи кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони “Небо Содружества” баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ин ҷашнвора шоми рӯзи 27-уми октябр сурат гирифта, он бо ташаббуси вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ ташкил карда шудааст. Зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ овозхонон ва ҳунармандон: Юлия Савичева,Сергей Лазарев ва Максим аз Федератсияи Русия, Жанета Бобкова аз Қирғизистон, гурӯҳи «Рахат Лукум» аз Қазоқистон, Алена Ланская аз кишвари Беларус, Сейран Исмаилханов аз Озорбойҷон, Айк Каспаров аз Арманистон, Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов аз Тоҷикистон ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.{jathumbnail off}