Суҳбати Ёров: Аз пешниҳоди вазифаи вазирӣ ва латту кӯби Ҳусайнӣ то мулоқот бо Сайфуллозодаю дигарон
Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи он ки пешниҳоди мақомот дар мавриди ба ивази вазифаи давлатӣ хориҷ шудан аз ҲНИТ-ро рад кардааст, мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, афзуд, рӯзи шанбеи 26 сентябр бо Ҳусайнӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амният мулоқот дошт.
Оқои Ёров мегӯяд, Ҳусайнӣ дар ин мулоқот, ки бо ҳузури намояндагони мақомот баргузор шуд, изҳор дошт, ӯро на аз дохили ҳавопаймо, балки аз фурудгоҳ барои “як суҳбат” даъват намуда, ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил бурдаанд. Бузургмеҳр Ёров аз қавли Ҳусайнӣ афзуд, “маро дар бинои ин раёсат 3-4 соат манъ карданд, муносибат аввал хуб буд. Чанд кас омад, изҳор доштанд, ки мо хешу таборем, зора карданд, ки биё аз ҳизб даст каш, тариқи телевизион муроҷиат кун, ки ман аз ҳизб баромадам ва фаъолияти ҲНИТ нодуруст аст”.
Вакили дифоъ аз қавли зерҳимояаш таъкид намуд, ба ивази даст кашидан аз ҲНИТ ба ӯ вазифаҳои гуногун - аз раҳбарии ноҳия то сатҳи вазириро пешниҳод кардаанд: “Аммо зерҳимояам ин пешниҳодро рад карда, изҳор доштааст, ки ҲНИТ ҳизби конститутсионӣ аст ва дар асоси қонун фаъолият дорад. Гуфт баъде ки ҷавоби рад гирифтаанд, ба сараш халта андохта, ӯро латукӯб кардаанд ва боздоштгоҳи Кумитаи амният бурдаанд”.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, Ҳусайнӣ айби эълоннамудаи мақомот - ташкили иттиҳоди ҷиноиро қатъиян рад мекунад. Ӯ афзуд, бо бархе аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ - аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Розиқов Зубайдуллоҳ, Қосидинов Воҳидхон низ мулоқот кардааст: “Аксарашон дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаванд ва қатъиян ин иттиҳомотро рад мекунанд”.
Ёров илова намуд, ки аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ аз латту кӯб шикоят накарданд ва изҳор доштанд, муносибати маъмурин бо онҳо хуб аст. Вай таъкид кард, аз амали ғайриқонунии кормандони мақомот, аз ҷумла алайҳи Ҳусайнӣ, шикоят хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Ёров ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” аз ташкили Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дод, ки ба гуфти ӯ ҳадафи кумита ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо мебошад.