Кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» барои зимистонгузаронӣ омодагии пурра дидаанд.
Ба иттилои Мирзо Исмоилов, роҳбари ин ҷамъият, барои таъмири асосӣ ва ҷорӣ ба маблағи беш аз 2-миллиону 275 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ ва барқароркунӣ гузаронида шуд. Бино ба иттилои манбаъ, то ин муддат 3600 изоляторҳои барқии пастшиддат, 334-адад ҷудокунак ва васлаки автоматӣ дар зеристгоҳҳои барқдиҳанда, наздики 30 тонна сими барқгузаранда, 15 тонна равғани трансформатор, 880 изолятори хати барқи баландшиддат, ки корношоям гашта буданд, аз нав карда шуданд. Ҳамчунин, 198 адад симчӯбҳои барқӣ, ки пӯсидаву корношоям гашта буданд, аз нав барқарор гардиданд, дар хати барқии баландшиддати 35 кВт траверси оҳанин иваз карда шуд.
Ба гуфти Исмоилов, корҳои таъмирию барқароркунӣ дар навоҳии минтақа барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аҳолии минтақа дар фасли сармо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ нахоҳанд гашт.{jathumbnail off}