Вазири узбак аз минбари СММ алайҳи “Роғун” баромад кард
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон 25 сентябр зимни суханронияш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар ҳавзаи дарёҳои Аму ва Сир баромад кардааст.
Тавре Вазорати умури хориҷии Узбакистон иттилоъ медиҳад, Комилов хушкшавии баҳри Арал ва пайдо шудани биёбони 5,5 миллион гектариро давоми ҳамагӣ чанд даҳсола зикр карда, таъкид намудааст, ки бунёди садҳои бузург дар саргаҳи дарёҳои Сир ва Аму мушкилоти экологии баҳри Аралро шиддат мебахшад: “Мо наметавонем роҳ диҳем, ки дар натиҷаи бунёди сарбанду нерӯгоҳҳои бузург дар дарёҳои Сиру Аму маҷрои муқаррарии об халалдор шаваду ҳаёти миллионҳо нафарро дар кишварҳои поёноб мушкилтар гардонад”.
Расонаҳои Узбакистон дар пайи нашри ин хабар зикр мекунанд, ки Тошканд алайҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон баромад мекунад.