“Қисме аз силоҳи гирифтаи Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст”
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қисме аз силоҳи гирифтаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст.
Тибқи иттилои додситонии кулли кишвар Ҳоҷӣ Ҳалим бо гуруҳаш озодона аз бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға гирифта бурдааст: “Аммо дар натиҷаи амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода аз нафароне, ки бо ӯ будаанд, 34 адад силоҳ ва аз рӯи нишондоди боздоштшудаҳо 589 мил, дар маҷмуъ 623 мил силоҳи гуногун дарёфт гардид”.
Тибқи иттилои мақомот танҳо аз силоҳе, ки Назарзода аз қисмҳои Вазорати мудофиа гирифтааст, то ҳол 22 ададаш ёфт нашудааст. Инчунин мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “ин гуруҳ бо худ 64 ҳазору 445 дона тир гирифта буд, аммо дар натиҷаи амалиёт ҳамагӣ 48 ҳазору 943 дона тирҳои қутрашон ҳархела дарёфт ва мусодира гардиданд”.
Тибқи иттилои манбаъ фарқ байни теъдоди тирҳое, ки гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим бо худ бурд ва теъдоде, ки дарёфт шуд, 15,5 ҳазор донаро ташкил медиҳад.
Инчунин мақомоти додситонӣ мегӯянд, тибқи иттилои дарёфтӣ ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим афроде низ ворид будаанд, ки масъулияти роҳбарии гуруҳҳои хурдро доштаанд ва феълан чорабинӣ барои маълум кардани шахсияти онҳо идома дорад.