ВИДЕО: Додситонӣ дар бораи гуруҳи 300 нафарии Ҳоҷӣ Ҳалим ва зикри Кабирӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 25 сентябр бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ изҳор дошт, ки Абдуҳалим Назарзода, аз соли 2010 то моҳи августи 2015 бо дастури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуруҳи ҷиноӣ ташкил карда, мунтазам ба онҳо аз 400 то 600 сомонӣ маблағ пардохт мекардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон шумораи умумии гуруҳи Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалимро 300 нафар арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки "аз соати расо 20 то 4-у 40 дақиқаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 Назарзода бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Сафаров Назармаҳмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенҷаевич ва дигар шариконаш, аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталони 25-и қисми ҳарбии 31001, аз ҷумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва дигар нафарони айни ҳол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки ҳар яке аз онҳо гурӯҳи муайянеро сардорӣ мекарданд, нақшаи ҳамлаи мусаллаҳонаро зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ карданд. Ба ин мақсад, Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва истифодаи нақлиёти хизматии сохторҳои Вазорати мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона даромада, аз он ҷо 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф намуда, ба ҳудуди корхонаи хусусии нонпазии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш-55 интиқол додаст”.
Мақомот таъкид мекунанд, ки бо супориши Назарзода Абдуҳалим зиёда аз 100 нафар дар саҳни ҳавлии корхонаи мазкур ҷамъ омада, бо либоси ҳарбӣ ва силоҳ таъмин шуданд.
Дар идома аз ҳамлаи ин гуруҳ ба ШКД-и Ваҳдат ва ба кормандони “ОМОН” дар гардиши фурудгоҳи Душанбе зикр шуда, таъкид гардидааст, ки дар натиҷаи амалиёт 125 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 25 нафар кушта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, тафтиши қазия идома дорад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, на худаш ва на аъзои боздоштшудаи ҳизбаш ба ҳаводиси ахири марбут ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рабте надоранд.
Кабирӣ дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” гуфт, иддаои Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи худи ӯ ва аъзои ҳизбаш поя надоранд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, "ҳадаф аз сохтакории мақомоти тоҷик ва рабт додани аъзои ҲНИТ ба ошӯби Назарзода" дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ мебошад.
Раиси ҲНИТ ҳаводиси ахирро фурсати муносиб барои пиёдасозии ҳадафи ҳукумат нисбати ҲНИТ хонда, афзуд, "омилҳои ин амали Назарзодаро бояд дар сиёсати нодурусти ҳукумат ҷӯст".