Такрори фоҷиа: Боз модар бо се тифлаш худро ба дарё андохт
Саломат Пирова, як модари ҷавон аз ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, фарзандонаш ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати ноҳияи Вахш иттилоъ дода, афзуданд, ки қазия 21 сентябр рух додааст. Ёрмаҳмад Асоев, масъули ҳукумати ноҳияи Вахш изҳор дошт, ки модари ҷавон феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилояти Хатлон қарор дорад: “Гуфта мешавад, ки ин ҷавонзан қаблан низ мушкили равонӣ доштааст”.
Асоев тасдиқ кард, ки се тифли ин зан- ду духтар-яке шашмоҳа ва дигаре 2 сола ҳамроҳ бо писари 4 солааш дар дарё ғарқ шудаанд.
Ин дуюмин ҳодиса тайи се моҳи охир аст, ки модар бо се тифлаш худро ба дарё андохта, боиси марги тифлонаш мешавад. 8 июли соли равон Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофта буд, ки дар натиҷа худаш ҷон ба саломат бурд, вале фарзандонаш ҳалок гардиданд.
Тафсилоти бештар дар ин сафҳа нашр мешавад