Алӣ Лориҷонӣ, райиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баъд аз зӯҳри имрӯз ба Душанбе меояд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, сафари доктор Лориҷонӣ дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ сурат гирифта, меҳмони олиқадрро сараввал Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ба ҳузур хоҳад пазируфт.Зимнан, мулоқоти ӯ бо гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Эрон низ дар назар аст.
Манбаъ афзуд, фардо 21 октябри Алӣ Лориҷонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамрохон Зарифӣ воҳӯрда, ҳамчунин дар назди устодон ва донишҷӯёни ДМТ суханронӣ хоҳад кард.Дар нақшаи сафари Алӣ Лориҷонӣ ташрифу дидорбинӣ аз АУ- институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, осорхонаи бостоншиносии институти таърих, утоқи Эрон дар донишгоҳи давлатии тиббӣ ва осорхонаи ба номи Беҳзод низ ворид гардидааст.{jathumbnail off}