Тоҷикон бо роҳбарии Абу-Хуросонӣ алайҳи ДИИШ баромаданд
Маркази мониторинги Сурия, мақараш дар Лондон аз пайвастани 1500 ҷангҷӯи ДИИШ, аз ҷумлаи тоҷикон, узбакҳо ва чеченҳо ба гуруҳи мухолиф -- “Ҷабҳат ан-Нусра” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони ин марказ, “Ҷабҳат ан-Нусра”, як шохаи “Ал Қоида” буда, соли 2013 баъди ихтилоф бо ДИИШ алайҳи ин гуруҳ ва неруҳои ҳукуматии Сурия эълони ҷанг кардааст.
Хабари пайвастани гуруҳи ҷангҷӯёни тоҷики ДИИШ ба “Ҷабҳат ан-Нусра” дар ҳолест, ки моҳи июли соли равон иттилоъ дода шуд, Абу Иброҳим Хуросонӣ, ки худро аз тоҷикони Русия муаррифӣ мекунад, ба ҷои Салоҳуддини чеченитабор раҳбари "Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор" шудааст. “Ҷабҳат ан-Нусра” ва "Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор" гуруҳҳои наздик ба ҳам арзёбӣ мешаванд, ки ҳамзамон алайҳи ДИИШ ва нерӯҳои ҳукуматии Сурия меҷанганд.