Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон зимни дидори сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар Санкт Петербург, узвияти Тоҷикистонро дар Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ манфиатовар арзёбӣ кардааст.
Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ аз Владимир Путин, сарвазири он кишвар нақли қавл кардаанд. Путин таъкид кардаст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо сабабҳои маълум наметавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ гардад. «Барои узвият дар ин созмонҳо сарҳадоти муштарак бо кишварҳои дигари узв зарур аст, ки айни ҳол Тоҷикистон надорад. Бино ба ин зарур аст, ки аввал Қирғизистон узви Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ гардад, то барои Тоҷикистон ҳам роҳ кушода шавад»,-гуфтааст Путин.
Сарвазири Русия Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодиро ташкилоти боз арзёбӣ карда, узвияти дилхоҳ кишвари ҳамсоя ва ҳамкорро дар онҳо қобили қабул номидаст:
-Ин ҷо масъалаи сирф иқтисодист. Зарур аст, ки кишварҳо бо ҳам омада, аз тахаюлоти беасоси сиёсии гузашта раҳо шаванд ва фикри ояндаро намоянд. Мо касеро маҷбур намекунем, ки узви ин созмонҳо гардад. Узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ интихоби мустақили мардуму ҳукуматҳои ҳар кишвар аст,-афзудааст сарвазири Русия.{jathumbnail off}