ИМА ба маблағи 260 ҳазор доллар ба ОМОН таҷҳизоти тактикӣ супурд
Сафорати Амрико дар Душанбе имрӯз, 23 сентябр ба Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 60 навъи таҷҳизотӣ тактикӣ тақдим кард.
Расми супоридани ин таҷҳизот бо иштироки сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва генерал-майор Мэттсон, роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии Амрико сурат пазируфт. Мэттсон бо зикри саҳми Дастаи таъиноти махсуси ВКД дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар гуфт, барои идомаи ҳамкории мустаҳкам бо ҳамаи хадамоти амнияти Тоҷикистон изҳори умед мекунад. Генерал-майор афзуд, бовар дорад, таҷҳизоти тақдимшуда иқтидори амалиётии Дастаи таъиноти махсусро ҷиҳати давомнокӣ, мунтазамӣ ва бехатарӣ вусъат хоҳад дод.
Бино ба иттилои Сафорати ИМА, таҷҳизоти тактикии мазкур, ки хазинаи он 260 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад, барои таҳкиму дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини амнияти сарҳад истифода хоҳад шуд. Ин таҷҳизот кумаки амалии навбатии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад: “Давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи мазкур ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки мустақим ба маблағи беш аз 130 миллион доллари ИМА расонида шудааст”.