Масоили рушди туризм дар миқёси ИДМ намояндагони узви ин созмонро гирди ҳам меоварад
Шаҳри Киев мизбони ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба туризми кишварҳои ИДМ мешавад.
Ҳамоиши мазкур дар чорчуби форми 6-уми зиёиёни кишварҳои ҳамсуд сурат мепазирад. Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, ҷаласаи мазкур 21-уми октябр дар пойтахти Украина ифтитоҳ шуда, ду рӯз идома меёбад. Ба иттилои манбаъ дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба иҷроиши қарорҳои шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ аз 21 майи соли 2010 бахшида ба 20-солагии ИДМ, интихоби раиси шурои ИДМ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рӯшди туризми кишварҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.{jathumbnail off}