Тақаллубкории як сармуҳосиб ошкор шуд
Сармуҳосиби нашрияи «Субҳи мехнат» даст ба таъмакорӣ зада, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт гардид.
Тибқи иттилои сухангӯи вазорати корҳои дохила Маҳмадулло Асадуллоев, сокини рустои Кулулуи ноҳияи Мӯъминобод Саъдулло Давлатов, ки вазифаи сармуҳосибии газетаи мазкурро ба зимма доштааст, санадҳои қалбакӣ таҳия намуда, барои бародараш маош муайян намудааст. Бо ин роҳ тайи шаш соли ахир шаҳрванд Давлатов маблағи 10 473 сомониро аз они худ кардааст.